Фаъолияти 13 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкии вилояти Хатлон қатъ карда шуд

Сентябрь 19, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон фаъолияти 28 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дода, як зумра  камбудиҳоро ошкор намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,    Вазорати мазкур    вобаста ба иҷрои дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани назорати фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стоматологӣ, инчунин дар асоси он таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва ҷилавгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ татбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамояд.

Ба иттилои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, ҷиҳати пурзӯр намудани назорати    фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стоматологӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд. Тайи ду рӯзи санҷиш, яъне 17-18 сентябри соли равон   мутахассисони Сарраёсат фаъолияти 28 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дода, як зумра  камбудиҳоро ошкор карданд.

Бино ба гуфтаи сардори сарраёсат Маҳмадҷон Абдурқодирзода, аз 28 муассисае, ки мавриди санҷиш қарор гирифтанд, фаъолияти 13 адади он бинобар сабаби ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан қатъ карда шуд.  Ба истифодабарандагони муассисаҳои мазкур дастур дода шудааст, ки коргоҳҳои худро ба талаботи санитарию эпидемиологӣ мутобиқ намоянд.

Бояд зикр намуд, ки  чунин санҷишҳо мувофиқи нақшаи корӣ то 28 сентябр идома меёбанд.

Сентябрь 19, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд