ФЕСТИВАЛИ «ОШИ ПАЛАВ». Таббохони моҳир миёни домоду арӯсон муайян мегарданд

Сентябрь 8, 2018 08:43

ДУШАНБЕ, 8.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Фестивали «Оши палав ва шириниҳои миллӣ» гузаронида мешавад. Фестивали мазкур бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ гузаронида мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмун ҳамаи хоҳишмандон, ошпазҳо ва соҳибкорон, новобаста аз намуди фаъолият метавонанд иштирок варзанд.
Барои иштирокчиёни беҳтарин диплому мукофотпулиҳо тақдим мешаванд.

Ҳамзамон ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали «Оши палав ва шириниҳои миллӣ» аз рӯи бахшҳои «Оши палави беҳтарин» – 5 000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ (ҷойи дуюм), «Ошпази беҳтарин байни мӯйсафедон» – 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол» – 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни мардон» – 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни занон» – 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни домодҳо» – 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни арӯсон» – 1000 сомонӣ, «Ошхӯри беҳтарин» – 2 000 сомонӣ, «Дастони моҳир» – 2000 сомонӣ ва «Ширавории миллии беҳтарин» – 5000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ (ҷойи дуюм), «Нишоллопази беҳтарин»- 3000 сомонӣ, «Парвардапази беҳтарин» – 3000 сомонӣ, «Ҳалвопази беҳтарин» – 3000 сомонӣ, «Наботпази беҳтарин» – 3000 сомонӣ мукофотпулиҳо супорида мешаванд.

 

Сентябрь 8, 2018 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад