ФУТБОЛ: ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе
ДУШАНБЕ, 5.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии аввали даври ¼- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Локомотив-Помир»-и Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, рақобати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив-Помир»-и Душанбе пуршиддат ҷараён гирифта, бо ҳисоби 4:3 ба нафъи дастаи футболи «Истиқлол» хотима ёфт.
Дар вохӯрии ҷолибу диданӣ голҳои ҳарду дастаҳоро Шериддин Бобоев, Шарифбек Раҳматов, Рустам Соиров ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расониданд.
То ин дам дар ҷараёни рақобатҳои ¼-ниҳоӣ дастаи футболи «Барқчӣ» дар майдонаш аз дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 0:2, дастаи «Хатлон» аз дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» 0:3 ва дастаи «Файзканд»-и Восеъ аз дастаи футболи «Душанбе-83» бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардиданд. Ба ақидаи коршиносони футболи кишвар, бо ин дастаҳои ғолиб қадами устувори худро ба бозиҳои нимниҳоӣ гузоштанд.
Ба иттилои манбаъ, бозиҳои ҷавобии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол охири моҳи сентябр доир хоҳанд шуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






