Икром Умарзода, муовини Вазири корҳои дохилӣ: «Истиқлолият неъматест, ки аз саодату хушбахтии ҳар кишвари соҳибистиқлол дарак медиҳад»
ДУШАНБЕ, 05.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолияти миллӣ» дирӯз ҳамоиш доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин ҳамоиш хабар дод, дар он роҳбарият ва намояндагони ВКД, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, курсантони Академияи ВКД ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» иштирок намуданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода зикр намуд, ки «озодиву истиқлолият беҳтарин неъматест, ки аз саодату хушбатии ҳар кишвари соҳибистиқлол дарак медиҳад. Хушбахтона, мардуми шарафманду соҳибфарҳанги Тоҷикистон имсол 27-умин солгарди соҳибистиқлолии худро бо беҳтарин дастовардҳо таҷлил менамоянд».
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ» маърӯза намуда, аз дастгириҳои пайвастаи ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Зикр гардид, ки имрӯз барои ҷавонон беҳтарин шароит барои таҳсили илм ва соҳибкасб гардидан муҳайё гардидааст. Ташкили квотаҳои Президентӣ ва стипендияи Президентӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Абдусаттор Фаттозода дар мавзӯи «Истиқлолият рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистон» иброз дошт, ки «истиқлолият барои ҳар як мамлакат рӯйдоди бузурги таърихӣ буда, ифодагари истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии миллӣ маҳсуб мешавад. Зеро аз ин сана оғози эҳёи давлатдории миллӣ дар фазои комилан нави сиёсӣ ибтидо мегирад. Эҳёи давлатдории миллӣ ва фазои нави сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият манша гирифтааст».








ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд






