ИМРӮЗ — РӮЗИ КИТОБ: кӣ ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» мешавад?

Сентябрь 4, 2018 08:51

ДУШАНБЕ, 04.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 сентябр,  соати 14:00 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» ҷамъбаст мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун ба таҷлили Рӯзи китоб бахшида шуда, миёни муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сурат гирифт.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз созмондиҳандагони асосии ин озмун ба ҳисоб меравад, мақсади баргузории онро дар  ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар миёни онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим маънидод намуд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар Тоҷикистон 4-уми сентябр Рӯзи китоб ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз Вазорати фарҳанг, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои илмию фарҳангии чорабиниҳои зиёди идона ба нақша гирифтаанд.

Сентябрь 4, 2018 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад