Имзои Шартномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон намунаи олии тавсеаи равобити байнидавлатӣ аст

Сентябрь 28, 2018 10:48

ДУШАНБЕ, 28.09.2018 /АМИТ«Ховар»/. Пойдевори муносиботи дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Туркманистон бо назардошти манфиатҳои ҳарду кишвар асос ёфта, робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ муваффақона густариш ёфтаанд, ки он соли  2017 ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд. Дар ин росто, роҳбарони  ҳар ду давлат –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар доираи вохӯрию мулоқотҳои мунтазам масъалаҳои муҳими ҳамкории мутақобилан судманди ду давлатро дар соҳаҳои гуногун  баррасӣ намуда, дурнамои онро муайян менамоянд.

Заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Туркманистонро беш аз  70 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба танзим  медароранд, ки дар зарфи 27 сол ба имзо расонида  шудаанд.

Моҳи  ноябри соли 2017 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ки он дар тақвияти дӯстию ҳамкорӣ дар таърихи муосири муносиботи  ҳарду давлат нақши муҳим гузошт. Зимни мулоқот  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва дигар намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки ҳамкории гуногунсоҳаи ду давлатро баррасӣ  намуданд. Дар доираи ин сафар  музокироти васеи ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардида, аз  рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ,   ки ба он Сарони ҳар ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов имзо гузоштанд, инчунин  санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои  тиҷорату иқтисод, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузорӣ аз ҳамин қабиланд. Ҳамзамон байни пойтахтҳои ҳар ду давлат –Душанбе ва Ашқобод паймони бародаршаҳрӣ баста шуд. Дар асоси дигар санадҳои ба имзорасидаи байнидавлатӣ  вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Лебапи  Туркманистон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондаанд. Татбиқи санадҳои мазкур  барои ҳар ду давлат самарабахш маҳсуб меёбад.

Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ дар самти тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ нақши калидӣ дошта, зимни баргузории ҷаласаҳояш масъалаҳои гуногунсоҳаи ду давлат дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, саноат, коммуникатсия, кишоварзӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар доираи  ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ аз Туркманистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, равғани пахта ворид  гардида, аз Тоҷикистон ба  Туркманистон молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, байни  ду давлат шарикии муваффақона дар соҳаи ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва робитаи автомобилӣ ба роҳ монда шудааст.

То ҷое мусаллам аст, дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва  Туркманистон дорои иқтидори бузурги захираҳои на танҳо иқтисодӣ, балки таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ буда, сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон намунаи барҷастаи ҳамкорӣ дар ин самт арзёбӣ мегардад. Татбиқи ин лоиҳа дар рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ дар миқёси кишварҳои минтақаи Осиё  маънидод мегардад. Инчунин  соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, сохтмон, кишоварзӣ ва туризм аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисоду давлат ба шумор мераванд.

Мардумони тоҷику туркманро аз қаъри асрҳо робитаҳои неки илмию фарҳангӣ пайваст намуда, дар зарфи беш аз 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод Рӯзҳои фарҳангии ҳар ду давлат доир гардиданд. Ин рӯзҳо дар шинохт ва муаррифии дастовардҳои фарҳангии ҳар ду миллат нақши муассир мегузоранд. Инчунин иштироки ҳайатҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон–олимону донишмандон дар ҳамоишу конфронсҳои илмӣ, намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод баргузор гардидаанд, дар таҳкими робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон нақши муассир мегузорад.

Раванди тавсеаи робитаҳои гуногуни самарабахши Тоҷикистону Туркманистон дар зарфи даҳ соли охир марҳилаҳои нави рушд касб карда, имзои Шартнома байни Тоҷикистону Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ дар соли 2017 яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ин раванд аст.

Ин дар ҳолест, ки субҳи 28 сентябр муовини Сарвазири Туркманистон Пурли Агамурадов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Душанбе омад. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи навбатии  Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад,   раёсати даврагии ИДМ ба Туркманистон супорида шавад. То ин вақт раёсати ИДМ-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.

                                Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

Сентябрь 28, 2018 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Шараф Шерализода бо муовини котиби давлатии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба молияи байналмилалӣ мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд