ИНТИХОБИ ҶОДАИ ИЛМ-РОҲ БА СӮИ ШАЪНУ ШАРАФ. Маросими хатми ботантанаи адъюнктони тоҷик дар шаҳри Москва

Сентябрь 13, 2018 10:31

ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Шарафи Донишгоҳи Вазорати корҳои дохилии  Россия ба номи В.Я. Кикоти шаҳри Москва маросими хатми тантанавии адъюнктони (аспирантони мактаби олии ҳарбӣ)  факултети кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва илмии Донишгоҳи мазкур, ки аз курсҳои олии таълимӣ гузашта, аттестатсияи давлатиро бомуваффақият супоридаанд, баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими супоридани дипломҳо сардори Донишгоҳ, генерал-полковники политсия Игор Калиниченко, ҳамчунин ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар маросими мазкур кормандони Академияи ВКД ҶТ – омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, капитани милитсия Наврӯз Валиев ва Сайфуддин Исмонзода ҳамчун хатмкунандагони адъюнктураи Донишгоҳ иштирок намуданд.

Сардори Донишгоҳ И. Калиниченко иброз намуд, ки ба даст овардани диплом оид ба хатм намудани адъюнктура – ин маънои хотима не, балки давом ва оғози роҳ ба сӯи илм, ҷараёни мураккаб, самарабахш, вале ҷолиб ва шаъну шараф мебошад. Дар пеш хатмкунандагонро санҷиши муҳимтарин интизор аст- ҳимояи диссертатсияҳои номзадии илми ҳуқуқ. Сардори Донишгоҳ боварии комил баён намуд, ки хатмкунандагон аз уҳдаи вазифаҳои муқарраргардида ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва таълим бо шаъну шараф идома хоҳанд дод.

Ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД ҶТ хатмкунандагони худро табрик намуда, дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи онҳо комёбиҳои беназир таманно намуд.

 

Сентябрь 13, 2018 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд