ҲИСОР: 12 нафар кормандони сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ҷазо гирифтанд

Сентябрь 21, 2018 16:29

ҲИСОР, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар шаҳри Ҳисор 26 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва 12 нафар кормандони сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ҷазо гирифтанд.

Дар ин бора мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор Баҳром Игамов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод.

Соли равон аз  тарафи мутахассисони  Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор   бинобар сабаби риоя накардани талаботи қоидаҳои санитарӣ нисбат ба 26 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва 12 нафар кормандони сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, нисбат ба онҳо ба маблағи 4200 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Ҳамчунин фаъолияти ду сартарошхона муваққатан боздошта шуд.

Дар ин давра вайронкунии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  10 ҳолат зиёд гардидааст.

Тавре иттилоъ додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   зимни суханронӣ  дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  доир ба бемасъулиятии  табибон, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон  изҳори ташвиш карданд.

Дар  ин робита сартабиби Беморхонаи минтақавии Меҳргони шаҳри Ҳисор Абдуҳалим Самадов иброз дошт, ки сарчашмаи гирифторшавии шаҳрвандон  ба бемориҳои сироятӣ- ин риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар ҳаёти имрӯза аз тарафи сокинон ва кормандони касбу кори гуногун мебошад.

Табибон, ки роҳнамо ва таъминкунандаи амнияти саломатии шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд, бояд аввал худашон қоидаҳои санитарию тозагии беморхонаҳоро риоя кунанд. Онҳо бояд ба савганди тиббии худ содиқ монда, сабаби ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мардум нагарданд.

 

Сентябрь 21, 2018 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд