Комроншоҳи Устопириён аз Бозиҳои Осиё-2018 бо ду медали биринҷӣ ба Ватан баргашт

Сентябрь 4, 2018 11:08

ДУШАНБЕ, 04.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 3-4 сентяби соли 2018  як гурӯҳ варзишгарони тоҷик – иштирокчиёни Бозиҳои Осиё-2018 тавассути хатсайри Ҷакарта—Дубай—Душанбе ба Ватан баргаштанд. Миёни варзишгарон ҷоизадори бозиҳо, варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён низ буд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, Комроншоҳ дар 18-умин Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуд, сазовори ду медали биринҷӣ гардид. Ӯ ҳам дар намуди дзюдо ва ҳам самбо дар вазни-90 кг ҷои сеюмро ишғол кард.
Комроншоҳи Устопириён зимни суҳбат иброз дошт, ки «ман ба бозиҳо омодагии хуб дида будам ва мақсади ба даст овардани медали тилло доштам, аммо медалҳои биринҷӣ насибам гардиданд».

Комроншоҳ ба Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои дастгирии доимӣ ва фароҳам овардани шароити созгори тамрин изҳори сипос карда, афзуд, ки акнун барои иштирок дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки 20-27 сентябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир мегардад, омодагӣ мебинад.

Сентябрь 4, 2018 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд