КОШОНАҲОИ ҲУСН. Онҳо ҳуснро мефизоянд ё баръакс коҳиш медиҳанд?

Сентябрь 25, 2018 16:10

ДУШАНБЕ, 25.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш 1 сентябри соли равон дар Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино изҳор намуданд, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ аз баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ иборат мебошад.

Сарвари давлат дастур доданд, ки баҳри пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо бояд қоидаҳои санитариро риоя намоянд.

Инчунин зимни суханронӣ пешниҳод карда шуд, ки барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки сабаби ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ворид карда шавад. Дар робита ба ин масъала мудири шуъбаи гигиенаи коммуналӣ ва гигиенаи кӯдакону наврасони Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муродалӣ МЕЛИКОВ андешаҳояшро ба мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ чунин иброз дошт:

Тибқи дастури Президенти мамлакат Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ нақшаи чорабиниҳои худро дар ин самт таҳия намуда, ду гурӯҳи корӣ таъсис дод. Дар ин самт аз ҷониби зерсохторҳои Хадамот дар кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳои мамлакат санҷишҳо ҷараён доранд.

Мақсад аз гузаронидани чунин санҷишҳо, пеш аз ҳама, гирифтани пеши роҳи бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ мебошад, ки ҳангоми истифодаи воситаҳои хизматии кошонаҳои ҳусн ба амал меояд. «Мутахассисони зерсохторҳои Хадамот бо масъулини марказҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, онҳоро бо талаботи санитарию эпидемологӣ огоҳ менамоянд. Аз ҷумла, ҳамаи таҷҳизот, асбобҳои ороиш ва тарзи кори онҳо аз санҷиши пурра гузаронида шудааст»,- афзуд мавсуф.

Номбурда изҳор намуд, ки дар ҷумҳурӣ 835 иншооти сартарошхона ба қайд гирифта шуда, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 657 адади он аз тарафи мутахассисон аз санҷиш гузаронида шудааст. Зимни санҷишҳо нисбат ба 539 нафаре, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 39 ҳазору 350 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Мусоҳиби мо баён дошт, ки дар ҷумҳурӣ 377 адад кошонаҳои ҳусн фаъолият доранд, ки дар 8 моҳи соли равон 297-тои он аз санҷиш гузаронида шуда, аз 96 нафар шахсони масъуле, ки ба қонуншиканиҳо роҳ додаанд, ба маблағи 7900 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

«Зимни санҷишҳо фаъолияти 63 иншооти ороишдиҳӣ бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарӣ то бартараф кардани камбудиҳояшон муваққатан боздошта шуд»,- гуфт номбурда.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар 63 адад кошонаҳои ҳусн дар қаламрави ҷумҳурӣ ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набошанд, пас фаъолияти онҳо ба кадом самт равона будааст: ба афзудани ҳусн ё коста гардонидани он?

Дар робита ба ин масъала корманди кошонаи ҳусни «Марям», воқеъ дар маҳаллаи 65 –и пойтахт Парвина Муродӣ иброз дошт, ки риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Бахусус кормандони кошонаҳои ҳуснро мебояд, ки ба ин чиз диққати ҷиддӣ диҳанд, то ба саломатии мизоҷони худ хатар ворид насозанд.

«Мо воситаҳои ороишдиҳии худро тавассути асбобҳои буғӣ дар назди худи мизоҷонамон безарар мегардонем ва баъдан ба кори худ шурӯъ мекунем. Хуб мешуд, ки мизоҷон бо худ асбобҳои махсуси ороишӣ дошта бошанд, дар ин ҳол метавонанд саломатии худро аз ҳар гуна бемориҳо ҳифз намоянд».

Бояд зикр кард, ки тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ҷумҳурӣ 25 адад ҳуҷраҳои ороишӣ (косметологӣ) фаъолият доранд, ки онҳо аз аввали сол то ин ҷониб зери назорат ва санҷиши мутахассисон қарор доранд.

Гулнора Файзуллоева, сокини 42-солаи пойтахт, ки чанд сол қабл ба бемории гепатити С гирифтор шуда буд, мегӯяд, духтурон бемориашро аз риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ медонанд. Ӯ гуфт, ки «ба кошонаҳои ҳусн зиёд мерафтам ва дар чандин кошонаҳои ҳусн мушоҳида кардам, ки онҳо нисбат ба кори худ хунукназарона рафтор намуда, ҷиддӣ нестанд. Як асбобро барои чандин нафар истифода мекунанд, ҳатто онҳоро пок ҳам намекунанд. Шояд омили асосии бемориам дар тарзи нодурусти истифодаи ашёи ороишӣ ва риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ аз ҷониби кормандони кошонаҳои ҳусн бошад».

Чуноне ки Гулнора иброз намуд, ӯ боре ҳам аз кормандони кошонаҳои ҳусн тоза намудани таҷҳизоташонро талаб накарда будааст. «Гумон намекардам, ки тариқи истифодаи асбобҳои ороишӣ дар кошонаҳои ҳусн ба ягон вирус гирифтор мешавам. Ба шаҳрвандони кишвар гуфтаниам, ки дар чунин ҳолатҳо ҳушёр бошанд ва ба саломатии худ хатари ҷиддӣ ворид насозанд», — иброз дошт  ӯ.

Бояд гуфт, ки бемории гепатит- ин илтиҳоби ҷигар мебошад, ки сабаби сар задани он вирусҳои гепатотропӣ ё вирусҳои ҷигархӯр мебошад. Дар ҷаҳон 9 навъи вируси гепатит ошкор гардидааст, аз ҷумла А, В, С, Д, Е, J, T  ва ғайра. Аз 9 навъи  вирус танҳо вируси А ба ҷигар кам таъсир мерасонад.  Дигар вирусҳо таъсири бад расонида, ҳатто метавонанд сабаби гирифторӣ ба саратони ҷигар шаванд.

Доктори илмҳои тиб Сайфулло Авезов бар он назар аст, ки дар ҷумҳурии мо ва қариб тамоми дунё бештар гепатити вирусӣ ба қайд гирифта шудааст.

«Бемории мазкур ва дигар бемориҳои вирусӣ аксаран бо роҳи ягон амалиёти ҷарроҳӣ, зимни табобати дандон дар назди табибони дандонпизишк, ё амалиёте, ки ба воситаи алмосу теғ дар назди сартарошон ва кошонаҳои ҳусн  сурат мегиранд, мегузаранд. Имрӯзҳо дар тамоми дунё барои пешгирии вирусҳои хатарнок шароит фароҳам гардидааст, аз ҷумла асбобҳои яккарата мавҷуданд, ки танҳо барои истифодаи як нафар равона шудаанд. Дар ин сурат метавон аз ин асбобҳо истифода бурда, саломатии худу атрофиёнро ҳифз намуд»,- афзуд Сайфулло Авезов.

Мудири шуъбаи гигиенаи коммуналӣ ва гигиенаи кӯдакону наврасони Сарраёсати назорати давлатии санитарии эпидемологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муродалӣ Меликов аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал овард, ки баҳри бартараф гардидани ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои ин марказҳо ҳангоми риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ дар дилхоҳ кошонаҳои ҳусн ё сартарошхонаҳо ҳатман ба телефонҳои боварии зерсохторҳои хадамот муроҷиат намоянд.

Ӯ иброз намуд, ки чунин гурӯҳҳои корӣ аз тарафи сохтори санитарӣ – эпидемиологӣ шурӯъ аз соли 2008 таъсис дода шудаанд ва тибқи дастурҳои Сарвари давлат, имрӯзҳо кори онҳо ҷоннок карда шудааст.

Бояд зикр кард, ки риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ оқибат ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ ворид намуда, шахсро метавонад гирифтори на танҳо бемории гепатит кунад, балки чандин вирусҳои дигар, аз ҷумла бемории Вируси норасоии масунияти одам ва амсоли инҳо гардонад.

Аз ин рӯ ҳар як шахсро мебояд баҳри ҳифзи саломатии худ андеша намояд. Агар беморон баҳри ҳифзи саломатии худ накӯшанд,  аз табибон таҷҳизоти тоза талаб накунанд, ин амал ва бепарвоияшон сабаби гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳои вирусӣ шуда метавонад.

Роҳи ҳалли ин масъала чист?

Ба андешаи мо дар ин самт, пеш аз ҳама, бояд маърифати ҳуқуқӣ ва санитарии аҳолӣ, донишу фаҳмишашон    нисбат ба хизматрасониҳои тиббӣ баланд бардошта шавад, то ки онҳо барои ҳифзи саломатии худ беэътиноӣ зоҳир накунанд.

Зеро саломатӣ гавҳари ноёб буда, барқарор кардани он кори хеле заҳматталаб аст ва он на ҳамеша ба кас даст медиҳад.

Сентябрь 25, 2018 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст