Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон менамояд

Сентябрь 13, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли хониши 2018 -2019 эълон менамояд.

Тавре аз Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ  хабар доданд, озмуни мазкур  бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон баргузор мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ,   даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардида, марҳилаи ниҳоии он аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳия ва шаҳр, ки давоми ду соли охир бо баҳои аъло таҳсил кардаанд, ба унвони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Кумитаи мазкур  пешниҳод намоянд.

 

Сентябрь 13, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд