Маҳфили «Шаҳри ишқ» ва оғози мавсими 28-уми театрӣ

Сентябрь 15, 2018 09:17

ДУШАНБЕ, 15.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябри соли равон,  соати 18:00 дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов маҳфили «Шаҳри ишқ» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҳфил ба солгарди зодрӯзи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ Фаррух Қосим ва кушодашавии мавсими 28-уми театрӣ бахшида мешавад.

Дар доираи барнома ба мухлисони санъати театрӣ моноспектакли «Ватандорӣ» дар таҳияи Фирдавси Қосим манзур мегардад.

Фаррухи Қосим 17 сентябри соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони саршиноси театр ва кинои тоҷик  Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон, ки он замон «Аҳорун» ном дошт, бо ташаббуси ӯ аз январи соли 1990 ба фаъолият шурӯъ кард. Намоишҳои Фаррухи Қосим ва театри «Аҳорун» тавассути шева, мусиқӣ, ритм ва фалсафаи тоза дар роҳи таъсиси театри миллии Тоҷикистон ҷараёни нав ворид карданд.

Тӯли ин муддат ҳунармандони театри мазкур барои иштирок дар намоишҳои зиёде дар таҳияи Фаррухи Қосим, аз ҷумла   «Қиссаи ишқ», «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…», «Даҷҷол», «Исфандиёр», «Шайх Санъон», «Шоҳ Фаридун» ва «Шоҳ Лир» барандаи ҷоизаҳои бисёре дар ҷашнвораҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ шуданд.

Худи Фаррухи Қосим «барои дастовардҳои фавқулода дар арсаи ҳунар ва рушд» барандаи яке аз даҳ ҷоизаи байналмилалии Сандуқи Шоҳзода Клаус (Голландия) дар соли 2004 гардид.

Имрӯзҳо ҳунармандони Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон зимни пешниҳоди спектаклҳо ба тамошобинон ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану миллат, бовар ба худ ва ба шикастнопазирии зебоӣ, меҳр ва ҳунарро тақдим мекунанд.

Сентябрь 15, 2018 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд