MADE IN TAJIKISTAN. Корхонаҳои истеҳолии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тextillegprom» дар Москва ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 сентябр, дар ҳудуди Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи(ВДНХ) Россия дар шаҳри Москва Намоишгоҳи 51-уми байналмилалии молу таҷҳизоти саноати сабук «Текстиллегпром»ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар кишварҳои ИДМ мебошад, оғоз шуд. Дар он Тоҷикистонро ҳафт корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ намояндагӣ мекунанд.
Сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Москва дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад.
Имсол Тоҷикистонро дар намоишгоҳ ширкатҳои «Ваҳдат», «Гулистони Душанбе», «Лиман», «Ноҳид», «Раҳимов А.А.», «Сапсан» ва «ХИМА-Текстил» муаррифӣ мекунанд.
Намоишгоҳи Москва барои ширкатҳои Тоҷикистон имкони хубест, ки маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш дода, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд.

Ҳайати Тоҷикистон имкон дорад дар конфронсҳои илмӣ, давраҳои омӯзишӣ ва суҳбатҳои «мизи гирд» иштирок намояд, бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ дидор намуда, бо фанновариҳои муосиру маҳсулоти нав шинос шавад.
«Текстиллегпром», ки боз ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад. Дар он харидорон ва коршиносони соҳа аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.
Намоишгоҳи мазкур муддати 25 сол аст, ки дар қаламрави ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷӣ шӯҳрат дошта, бори 51-ум доир карда мешавад ва Тоҷикистон дар он маротибаи 11-ум иштирок мекунад.









Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






