МАРҲАМАТ БА ИДИ ХАРБУЗА! Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даъват мекунанд

Сентябрь 3, 2018 14:23

ДУШАНБЕ, 03.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 сентябри соли равон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Иди харбуза доир мегардад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, оғоз аз моҳи август ҳамчун анъана дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ Иди харбуза доир мегардад.

«Соли равон Иди харбуза дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Дар ин рӯз тамоми навъҳои беҳтарини харбуза ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад, ки меҳмонону сокинон метавонанд онҳоро бо нархҳои дастрас харид намоянд»,-гуфт манбаъ.

Ҳамчунин барои бошукӯҳ гузаштани ин намоишҳо озмун эълон гаштааст. Дар озмун беҳтарин истеҳсолкунандагон иштирок намуда, маҳсулоти хешро пешниҳод менамоянд. Ғолибони озмун ва беҳтарин барзгарони ҷумҳурӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

 

Сентябрь 3, 2018 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд