Марҳилаи нави ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон, эътирофи Прокурори генералии Арабистони Саудӣ ва таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2018 15:45

ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ин ҳафта низ матбуоти даврии ҷумҳурӣ муҳимтарин воқеаву рӯйдодҳои мамлакатро инъикос намуда, мақолаву гузоришҳои гуногунмазмун нашр кардаанд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (25.09.2018, №187) дар ин шумораи худ аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 сентябри соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, «Иттилоия» нашр намудааст. Дар ҷаласа аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба рӯзномаи маҷлиси навбатии Ҳукумат шомил гардида буданд, баррасӣ карда, оид ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Пешвои миллат оид ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ба давраи зимистони солҳои 2018 — 2019, дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии пурраи бахшҳои энергетика, марказҳои барқу гармидиҳӣ, нақлиёт, захираи маводи озуқаворӣ дар минтақаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, захираи хӯрок ва беталаф баровардани чорво аз зимистон, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дастурҳои мушаххас доданд.

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ мақолаи О. Вафобек зери сарлавҳаи «Мошинсозӣ. Камбудӣ дар чист?» нашр гардидааст. Муаллиф дар матлаби мазкур кӯшиш кардааст, ки ин соҳаи барои иқтисоди ҷумҳурӣ муҳимро ҳамаҷониба таҳлил карда, имкониятҳои рушд ва монеаҳои ҷойдоштаро бозгӯӣ намояд.

Субҳон Амирзода, доктори илмҳои филология, профессор, сарходими илмии Институти илмӣ – тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар матлаби «Зуҳури Одамушшуаро ва барқарории робита байни арабу аҷам» чанд паҳлӯи эҷодиёти Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро мавриди таҳлил қарор додааст.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (26.09.2018, №188) «Дарвоз. Дастовардҳо аз баракати қудуми Пешвои миллатанд» навиштаи Саидраҳмон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз нашр шудааст, ки ба сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ бахшида шудааст. Ӯ дар ин навиштаи худ зикр мекунад, ки ҳар сафари Сарвари давлат ба минтақаҳои гуногуни Ватани азизамон ободиву созандагӣ ва шукуфоӣ меорад.

Инчунин дар ин шумора андешаҳои прокурори генералии Арабистони Саудӣ Сауд бин Абдулло ал Муъҷаб, ки ба ҳайси меҳмон дар кори ҷаласаи 16 — уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе иштирок дошт, зери сарлавҳаи «Тоҷикистон яке аз кишварҳои орому осоишта ва ободу хуррам дар ҷаҳон аст» нашр шудааст. Прокурори генералии Арабистони Саудӣ аз меҳмоннавозии хоси тоҷикона, шаҳрҳои бостонӣ ва ёдгориҳои зиёди таърихӣ ба ваҷд омада, таъкид намудааст, ки Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳон яке аз кишварҳои орому осоишта ва ободу хуррам дарёфтааст.

Дар ин шумора ҳамчунин хабару гузоришҳои дигар бо сарлавҳаҳои «Чаро сӯзишворӣ арзон шуду роҳкиро не?», «Беҳдошти замин беҳдошти зиндагист», «Ҳифзи ҳуқуқи башар. Танҳо шиорест барои террористони наҳзатӣ», «Дандон. Талабот ба сатҳи хизматрасонӣ қатъӣ мегардад» нашр шудаанд.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (25.09.2018, №116) таҳти унвони «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир ба ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 сентябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, гузориш додааст.

Ҳамчунин аз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея бо Маҷлиси намояндагон Ким Сонг Тэ ва ҳамроҳони ӯ маълумот чоп кардааст. Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея ибрози андеша намуда, зикр кардааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея метавонанд бо сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, кашидани хатҳои интиқоли барқ ҷиҳати интиқоли он ба кишварҳои дигар нақши фаъол дошта бошанд. Дар баробари ин, таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирад.

Дар ин шумора инчунин як қатор мақолаҳои хонданибоби дигар, аз ҷумла «Асоси татбиқи рушди ҳазорсола ба ҳалли масъалаҳои об вобаста аст», «Сатҳу сифати хизматрасонӣ ба талабот бояд мутобиқ бошад», «Натиҷаҳои фаъолияти парлумоти касбӣ назаррасанд», «Фарҳангиёни Суғд чӣ мушкил доранд?», «Ширкатҳои ватанӣ мизоҷонро аз даст медиҳанд», «Забонро набояд забун кунем» чоп шудаанд.

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (26.09.2018, №39) дар шумораи навбатии худ аз ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» дар шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ва оғози расмии  бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе гузориш нашр намудааст.

«Душанбе ждет гостей» — зери чунин сарлавҳа дар бораи ҷаласаи сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки  28 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, матлаби муфассал чоп кардааст.

Дар ин шумора бо Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо сарлавҳаи «За годы независимости ГБАО превратилась в регион международного транзитного коридора» мусоҳиба нашр шудааст.

Ҳамзамон дар шумораи навбатӣ мавод бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳар сол 22 сентябр дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, бо сарлавҳаи «Рудаки – Адам поэтов» рӯи чоп омадааст.

Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (27.09.2018, №39) зери унвони «Вақте ки хиёнат мегӯем…» мақолаи рӯзноманигор Хуршеди Мавлонро нашр кардааст, ки дар он муаллиф оид ба фаъолиятҳои ифротгароёнаву хиёнаткоронаи ТТЭ Ҳизби наҳзат мулоҳизаҳояшро баён намудааст.

«Соҳибкорон: манфиат ё солимии миллат?» мақолаи таҳлилии коромӯзи нашрия Садбарги Раҳмиддин аст. Муаллиф дар ин матлат оид ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона андешаронӣ намуда, кӯшиш намудааст, ки паҳлӯҳои гуногуни истеҳсол ва истифодаи онҳоро мавриди таҳлил қарор диҳад.

Рӯзноманигор Беҳрӯз Холмуродов таҳти унвони «Фидоии касби хеш» дар бораи яке аз касбҳои пуршараф – муаллимӣ мақола навишта, ҳамчун қаҳрамони навиштаи худ муаллим аз шаҳри Ҳисор- Маҳмадалӣ Ғуломовро интихоб намудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (26.09.2018, №39) таҳти унвони «Тоҷикистон – Ӯзбекистон: Марҳалаи нави ҳамкориҳо» мақолаи рӯзноманигор Н.Худойбахшовро чоп кардааст. Дар мақолаи мазкур муаллиф тамоми паҳлӯҳои ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, имкониятҳои то ҳол истифоданашудаи ҳар ду ҷонибро ишора кардааст.

Ҳасан Азизов, рӯзноманигори нашрия ин ҳафта ба яке аз масъалаҳои доғи на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳон – кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷуҳ карда, зери сарлавҳаи «Онҳо ба навозиш ниёз доранд» мақолаи таҳлилӣ навиштааст.  Дар мақолаи мазкур оид ба шароити кунунӣ ва ғамхориву дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ин табақаи осебпазири ҷомеа маълумот дода шудааст.

Инчунин зери сарлавҳаи «Бемории сил ирсӣ нест» мақолаи рӯзноманигор Ибодуллоҳи Тоҳир чоп шудааст, ки он низ ба яке аз мавзуъҳои муҳим ва мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа бахшида шудааст.

 

 

Сентябрь 27, 2018 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад