Масъалаи пурзӯр намудани иқтидори хадамоти муҳоҷират ва сарҳадот бо намояндагони Полша баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидзода бо ҳайати низомиёни Полша- директори Раёсати кор бо хориҷиёни Хадамоти марзбонии Полша Анджей Якубашек, мушовири Раёсати мазкур ва прапоршик Изабелла Валчак, сармутахассиси бахши мушаххассозии ҳувияти паноҳҷӯёни Раёсати Аврупо ва Осиёи Марказии Хадамоти марзбонии Полша Эдита Скибинска мулоқот доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи барқарорсозии механизмҳои муайянкунии шаҳрвандони хориҷие, ки худро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, расмиёти баргардонидани чунин шахсон ба кишвари иқомат ва пурзӯр намудани иқтидори хадамоти муҳоҷират ва сарҳадро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби директори Раёсати кор бо хориҷиёни Хадамоти марзбонии Полша Анджей Якубашек ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи ин давлат оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мушаххассозии ҳувият ва мубодилаи иттилоот як зумра пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.
Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон як зумра Созишнома, Конвенсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд мебошанд, ки ҷиҳати рушду нумӯъ ёфтани муносибатҳои муфиди Хадамоти марзбонии Полша бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо баҳри тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба изҳори боварӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






