Миёни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 06.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо мақсади боло бурдани ҳамкории судманди дуҷониба Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳадафи имзои санади мазкур омода намудани мутахассисони соҳибкасби дорои таҳсилоти олӣ ва дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, баланд бардоштани сифати таълим, ичунин ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ дар Мактаби улуми гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ дар шаҳри Хоруғ мебошад.
Созишномаи мазкурро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва раиси Шӯрои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шамш Қосим Лакха дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд. Дар маросими имзои санади мазкур муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насриддин ва ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ доктор Суҳайл Нақвӣ иштирок доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000 ҳамчун донишгоҳи дунявӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ тавассути Шартномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон ба имзо расидааст, таъсис ёфт. Шартнома аз ҷониби парлумонҳои давлатҳои мазкур ба тасвиб расида, дар Созмони Милали Мутаҳид ба қайд гирифта шудааст.
«Мо итминон дорем, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, ки ба рушди кишварҳои минтақа мусоидат мекунанд, нақши муҳим иҷро менамояд»,- изҳор дошт Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид.
Раиси Шӯрои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шамш Қосим Лакха иброз дошт, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо кумаки ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва донишгоҳҳои шарик дар Австралия, Канада, Аврупо ва Россия аз тариқи таҳқиқот ва омӯзиш додани донишҷӯёни боистеъдоди Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ нақши худро дар рушди минтақа тақвият медиҳад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






