Муаррифии «Лабчанг» ба аҳли фарҳанг

Сентябрь 20, 2018 08:47

ДУШАНБЕ, 20.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази фарҳангии «Бохтар-Бактрия», ки тайи чандин сол пурсамар фаъолият дорад, муаррифии китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Гулрухсор Сафиева таҳти унвони «Лабчанг» доир гардид.

Дар маҳфили адабӣ, ки хеле гарм ва самимӣ ҷараён гирифт, доираи васеи фарҳангиён, аз ҷумла адибону ходимони санъат, намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок намуданд. Сафири Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар муаллифро бо асари тоза, ки дар матбааи «Сухан»-и назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯи чоп омадааст, самимона табрик намуд ва огоҳии худро аз эҷодиёти ӯ изҳор дошт.

Китоби «Лабчанг» аз шеър, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ ва манзумаҳои нав мураттаб шудааст. Чун ҳамеша Гулрухсор бар он аст, ки нахустин шоири дунё модар буду ҳаст ва хоҳад монд.

Ин нуктаро шоир дар «Шеъре барои шер» низ таъкид намуда, хитоб мекунад:

Дар сари гаҳвораву тобут шеър

Сабки лолоиву ғамнолии модарҳост.

Шеър бунёди забони модарист,

Ҳазрати модар

Нахустин шоири дунёст!..

Манзумаи навэҷоди Гулрухсор «Лабчанг», ки бори аввал чоп мешавад, дар эҷодиёти шоир падидаи нав аст.

Манзума бо чунин сатрҳо оғоз меёбад:

Модарам лабчанг мезад,

Оҳ оҳанги худаш буд.

Бори сангини хиёнат

Осиёсанги худаш буд…

Муҳаррири китоб шоир ва муҳаққиқи шинохта Рустами Ваҳҳоб мебошад. Тасвири рӯи ҷилд бо номи «Арӯсакҳои маҳзун» кашидадӯзии шоира ва тарҷумон Хосият Каст аст, ки ба муаллиф ҳадя намудааст.

Мансур СУРУШ,

шореҳи адабии АМИТ «Ховар»   

Сентябрь 20, 2018 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд