Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба кулли мардуми вилоят
ДУШАНБЕ, 26.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни маҷлиси васеъ бо иштироки аъзои ҳизб ба мардуми вилоят, хосса ҷавонон муроҷиатнома қабул намуд. Дар он омадааст:
Мардуми сарбаланду шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон!
Ба соҳибистиқлолии Ҷумҳурии озоду амони Тоҷикистони азизамон 27 сол пур шуд. 27 соли ҳаёти орому осоишта имкон дод, ки вилоят дар самти иқтисодию иҷтимоӣ ва ободонию созандагӣ қадами устувор гузорад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваста дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқи он бо суръати баланд пеш рафта истодааст.
Мо шоҳиди ҳол шудем, ки зимни ташрифи навбатии Сарвари маҳбуби кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 иншооти ҳаётан муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои оғози чандин сохтмони иншооти муҳими самти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ санги асос гузошта шуд.
Бахусус, дар ин сафари навбатии корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти муназзами бинои чорошёнаи маъмурии раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои он бо 42 ҳуҷра, Донишгоҳи бонуфузи Осиёи Марказӣ, Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳамчунин дар зербинои сохтмони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузошта шуд. Ба ифтихори таҷлили сазовору бошукӯҳи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти самти иҷтимоию иқтисодии дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бешак, агар фазои амну амонӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини волоияти қонун дар кишвар, минҷумла дар маркази маъмурии вилоятамон- шаҳри Хоруғ мустаҳкаму побарҷо бошад, Ватани азизамон ободу зебо ва аз ҷиҳати иқтисоду иҷтимоӣ ба яке аз мамолики пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.
Ҳамватанони азиз! Мурод аз овардани ин сатрҳо танҳо ба хотири як ҳадаф аст- халалдор нашудани ҳаёти осоишта ва зиндагии пӯёю поки мардуми вилоят, минҷумла сокинони шаҳри маҳбуби Хоруғ. Агар бо ҳамин суръат шумораи ҷиноятсодиркунӣ бо яроқу аслиҳаи ҷангӣ, нашъамандӣ, майзадагӣ, бемории Вируси норасоии масунияти одам дар вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ афзоиш ёбад, фардои мо норушан хоҳад буд. Мо худро ба дасти худамон ба вартаи нобудӣ хоҳем расонд.
Мо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми шаҳрвандони вилояти азизамонро даъват мекунем, ки доимо аз таҳаввулоти имрӯзаи ҷаҳонӣ бохабар шуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, бар зидди нороҳаткунандагони зиндагии бофароғати шаҳрвандони кишвар яктану якҷон хеста, ҳама гуна амали нохубро сари вақт пешгирӣ намоянд.
Агар ин расолати падарию модарии худро имрӯз анҷом надиҳем, фардо ояндагон рӯҳу арвоҳи моро намебахшанд.
Роҳи ҳақиқату дурусти мо дар ҳама гуна ҳолатҳо, пеш аз ҳама, бо тарафдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имони поку садоқати бузург ба Ватани биҳиштосо- Тоҷикистони азиз муттаҳиду якдил ва якмаром будан аст. Дар муттаҳидии мо ҳама гуна чигилу мушкилиҳо роҳи ҳалли худро меёбанд.
Итминони комил дорем, ки ҳама вақт ақлу заковати мардуми бошарафи вилоятамон боло гирифта, интиқоду роҳнамоӣ, ҳидояту супоришҳои олимонаю орифонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар кӯтоҳтарин вақт пурра ва бо натиҷаҳои баланд саранҷом дода хоҳанд шуд.








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






