Намояндагони ВАО аз Маркази вилоятии наркологии шаҳри Кӯлоб дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Барномаи пешгирии паҳншавии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ (CADAP) як гурӯҳ намояндагони ВАО ба Маркази вилоятии наркологии шаҳри Кӯлоб сафарбар шуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, рӯзноманигорон зимни сафар аз фаъолияти ин марказ ва таҷҳизоти тиббие, ки соли гузашта аз ҷониби Барномаи CADAP ба ин Марказ тақдим шуда буданд, дидан намуданд.
Бояд зикр намуд, ки Барномаи CADAP соли сипаригардида таҷҳизоти махсусгардонидашуда, аз қабили катҳои беморхона, ларингоскопҳо, дефибрилляторҳо, мониторҳо барои назорати ҳолати беморон, консентратҳои оксиген, таҳлилкунандаи нимавтоматии биохимиявӣ ва ғайраро ба Маркази вилоятии норкологии №2-и шаҳри Кӯлоб супорида буд.
Дар ин вохӯрӣ рӯзноманигоронро директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадраҳим Малахов, директори Маркази вилоятии наркологии №2-и шаҳри Кӯлоб Зоир Сабуров ва намояндагони Барномаи CADAP дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.
Маҳмадраҳим Малахов зикр кард, ки «мо итминон дорем, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои асосии сиёсат оид ба мубориза бар зидди нашъамандӣ самаранокии тадбирҳоро ҷиҳати кам кардани пешниҳод ва талабот ба маводи нашъаовар баланд мекунад. Он инчунин ба паст кардани таҳдиди нашъамандӣ кумак мерасонад».
«Ин таҷҳизоти тиббие, ки ба мо ворид шудаанд, дар шуъбаи ёрии таъҷилӣ истифода бурда мешаванд. Дар заминаи ин шуъба кумаки махсуси наркологӣ дар ҳолатҳои истеъмолии аз воя зиёд ва дигар ҳолатҳо пешкаш карда мешавад. Бо истифодаи таҷҳизоте, ки аз тарафи Барномаи CADAP дастрас карда шудаанд, тӯли як сол ба зиёда аз 90 нафар беморони нашъаманде, ки бо сабаби заҳролудшавӣ дар натиҷаи аз меъёр зиёд истифода бурдани маводи нашъадор ба марказ дастрас гардиданд, ёрии таъҷилӣ расонида шуд ва онҳо ба ҳаёти дубора баргардонида шуданд», — гуфт дар суҳбат директори Маркази вилоятии наркологии №2-и шаҳри Кӯлоб Зоир Сабуров.
Бояд гуфт, ки таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби CADAP дар асоси дархости расмӣ аз Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ харида шудааст. Арзиши таҷҳизоти мазкур 41 000 евро мебошад.
Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консорсиуми кишварҳои Нидерландия, Чехия, Полша ва Германия дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Германия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) амалӣ мегардад.








Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад






