ОБУ ҲАВО: имрӯз ҳарорат дар Тоҷикистон то 2 дараҷа паст мефарояд
ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои тобеи марказ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар бештари ноҳияҳои кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мегардад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2-7 ва рӯзона +8+13 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар водиҳо шабона 18-23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +8 +13 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +11+13 ва рӯзона +26+28 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






