ОБУ ҲАВО: имрӯз ҳавои софу беғубор фазои идонаи Тоҷикистонро сафои тоза мебахшад!

Сентябрь 1, 2018 09:05

ДУШАНБЕ, 01.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор шуда, ҳарорат шабона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мефарояд. Дар баъзе ноҳияҳо  шамол аз самти шарқ то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 5+10, рӯзона 25-30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4-1 ва рӯзона +15+20 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор пешгӯӣ  шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +31+33 дараҷа гарм мешавад.

 

Сентябрь 1, 2018 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд