ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳарорат муътадил боқӣ мемонад

Сентябрь 6, 2018 08:07

ДУШАНБЕ, 06.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, ҳарорат муътадил боқӣ мемонад. Ҳарорат шабона ба 10-15 ва рӯзона ба 31-34 дараҷа  мерасад. Ин гуна вазъи ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8-13, рӯзона 27+32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 ва рӯзона +15+20 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +9 +14 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +31+33 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 6, 2018 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад