ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳарорат то 8 дараҷа паст мефарояд

Сентябрь 13, 2018 08:12

ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз то 14 сентябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона дар баландиҳои 2500 м борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳарорати рӯзона то 8 дараҷа паст гашта, вазиши шамол аз самти ғарб то  ба 20-25 метр дар сония мерасад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3500 м боридани барфи  тар дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +10 +15 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +29+31 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 13, 2018 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд