ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон боридани борон ва дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 27.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯйи шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12, рӯзона 21+26 ва дар шарқи ин вилоят шабона -3+2 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, шамол аз самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона +10 +15 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






