ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борон дар назар аст

Сентябрь 28, 2018 08:19

ДУШАНБЕ, 28.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда   дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва  дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯйи шудааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва  дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯӣ шудааст.      Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 21+26 ва дар шарқи ин вилоят шабона -0+5 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,    шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11+16  ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат     дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво шабона ба +8 +13 ва рӯзона ба +25+30 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +9+11 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 28, 2018 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд