ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон туман мефарояд

Сентябрь 24, 2018 08:14

ДУШАНБЕ, 24.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани туман дар назар аст.  Вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо аз самти ғарб то 10-15 метр дар як сония мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 24+29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5 ва рӯзона +8+13 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани туман дар назар аст. Шабона +12 +17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +12+14 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

 

Сентябрь 24, 2018 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд