ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати паст ва боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар бештари ноҳияҳои кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мегардад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки боронӣ пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 24+29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 1-6 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шабона +9 +14 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе шабона ва рӯзона боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +11+13 ва рӯзона +25+27 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






