ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 17.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат рӯзона ба 29-34 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона +13+15 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






