ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст

Сентябрь 15, 2018 09:01

ДУШАНБЕ, 15.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки шабона дар баландиҳои 2500 м борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳарорати рӯзона паст гашта, вазиши шамол аз самти ғарб то  ба 10-15 метр дар як сония мерасад. 

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 4-9, рӯзона 19+24 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4-9 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона +9+14 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

 Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон дар назар аст. Вазиши шамол аз самти ғарб то 10-15 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17-22 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +12 +17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб аз 3-8 то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Шабона +11+13 ва рӯзона +30+32 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Сентябрь 15, 2018 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад