ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар бештари ноҳияҳои кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мегардад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 24+29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 1-6 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шабона +9 +14 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе шабона ва рӯзона боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +11+13 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






