ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон дар баландиҳои 2500 метр барф меборад
ДУШАНБЕ, 14.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона дар баландиҳои 2500 м борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳарорати рӯзона паст гашта, вазиши шамол аз самти ғарб то ба 10-15 метр дар як сония мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3500 м боридани барфи тар дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8-13, рӯзона 19+24 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4-1 ва рӯзона +11+16 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шабона дар баландиҳои 2500 метр барф меборад. Дар водиҳо шабона +11+16 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон дар назар аст. Вазиши шамол аз самти ғарб то 10-15 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +10 +15 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб аз 3-8 то 10-15 метр дар як сония мевазад. Шабона +11+13 ва рӯзона +27+29 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






