ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст

Сентябрь 22, 2018 08:55

ДУШАНБЕ, 22.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.  Чунин вазъи обу ҳаво то 26 сентябр боқӣ ҳоҳад монд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки боронӣ пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 21+26 ва дар шарқи ин вилоят шабона 1-4 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +9+14 ва рӯзона +23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, танҳо охирҳои  рӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардидааст. Дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда  шуда, борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шабона +10 +15 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе шабона хаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +10+12 ва рӯзона +26+28 дараҷа гарм мешавад.

 

Сентябрь 22, 2018 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд