ОДАМИ БОАҚЛ ДУ БОР ФИРЕБ НАМЕХӮРАД! Изҳороти собиқадорони ноҳияи Ёвон
ДУШАНБЕ, 20.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба амалҳои иғвогаронаи ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Варшава ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» аз номи собиқадорони ноҳияи Ёвон изҳорот расидааст, ки дар он чунин гуфта мешавад:
Мо, собиқадорони ноҳияи Ёвон, ки таҷрибаи рӯзгорро азбар кардаему сабабҳо ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро дар тарозуи ақлу тадбир баркашидаем, аз ҷониби 4 нафар ашхоси хиёнатпешаи ватанфурӯш – Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов созмон ёфтани иттиҳоди «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро найранги навбатии мухолифини ҳукумат арзёбӣ мекунем.
Аввал ин ки ин чор нафар ҳуқуқи аз номи миллати тоҷик баромад кардан надоранд. Онҳо ҳақ надоранд худро намояндаи як миллат муаррифӣ кунанд. Сониян идеяи таъсис додани иттиҳоди мазкур аз андешаву ақидаи душманони миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон об мехӯрад ва бинобар ин, он мақсади нафъ расонидан ба Тоҷикистон ва сокинони онро надорад, балки баръакс, барои заиф намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таъсис дода шудааст.
Созмондиҳандагони иттиҳоди мазкур мехоҳанд бо ин иқдоми фиребанда усули нави авомфиребонаи худро роҳандозӣ кунанд. Онҳо зӯр зада, бо ҳазор дурӯғу фитна ҳукуматро айбдор мекунанд ва даъвои сулҳу субот доранд, вале чӣ гуна сулҳ? Бо кӣ? Оё дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ нест? Балки ин муддаин бо пиёда кардани нақшаву ниятҳои зишташон суботи ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Кору амали онҳо тибқи дастуру роҳнамоии душманони хориҷии миллат ба роҳ монда шудааст ва инро халқи кишвар ба хубӣ медонад.
Симои манфури роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳзби наҳзати исломӣ, ба сари миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёд овардани он ва мазҳабфурӯшии аъзояш аз чашми мардум пинҳон намондааст. Ин ҳизби ба ном исломӣ аз рӯзи ташкил гардиданаш то ҳол ба халқу ватани мо заррае фоида наовардааст, балки зарару зиён оварда, худро дар таърихи миллати мо ҳамчун ватанфурӯш нишон додааст. Иғвоангезии навбатии онҳо бори дигар ин маъниро таъкид мекунад.
Пешрафту ободии имрӯзаи Тоҷикистон, рушди босуръати иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари азизи мо дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ боиси қаноатмандӣ ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Ҳамватанони худогоҳи мо ҳаргиз фирефтаи даъвоҳои пуч ва суханони фиребандаи се-чор ҷоҳталаб намегарданд. Ин дасисабозон, ки аз фармоишоти хоҷагони хориҷии худ як қадам берун намемонанд, асло дар пайи ободии Ватан набуданд ва нестанд.
Мо, собиқадорон ва насли калонсоли ноҳияи Ёвон чунин амалҳои хиёнаткоронро қатъиян маҳкум намуда, ҳамдиёрони муҳтарамро ба ҳушёриву зиракӣ даъват менамоем. Одами боақл ду бор фиреб намехӯрад. Мову шумо, ки на як бору ду бор шоҳиди фитнакориҳои ин гуна ашхос ва пуштибонҳои бадасли онҳо гардидаем, оқибатҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро аз ёд набурдаем ва ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳем, ки онҳо иттиҳоду истиқлоли моро барҳам зананд.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






