Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» ҷамъбаст гардид

Сентябрь 5, 2018 17:32

ДУШАНБЕ, 05.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи китоб Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2018» баргузор гардид.

Мақсади асосии озмун аз баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар иборат буд.

Тавре аз Китобхонаи давлатии патентию техникӣ хабар доданд, озмун аз 18 январ эълон гардида, 31 июли соли 2018 ба анҷом расид.

Ба унвонии  Кумитаи тадорукоти озмун аз рӯи 3 бахш- «Китобхонаи сол»  25 ҳуҷҷат, «Китобдори сол» 26 ҳуҷҷат ва «Китобхонаи шахсии сол» 12 ҳуҷҷат ворид гардид.

Мутобиқи қарори ҳакамони озмун дар бахши «Китобхонаи сол»  Китобхонаи оммавии вилояти Суғд ба номи Т.Асирӣ ҷоизаи «Гран -прӣ» барои  ҷойи аввал, Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи дуюм, Китобхонаи марказии ноҳияи Муъминобод ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар бахши «Китобдори сол» китобдорони зерин- Алидод Чароғабдолов, директори Китобхонаи оммавии ВМКБ ба номи А.Рӯдакӣ ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи аввал, Дилфуза Шамсиева, директори Китобхонаи марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷоизаи «Гран — прӣ» барои ҷойи дуюм,  Хайрулло Набиев, мудири китобхонаи деҳоти Дӯстии ноҳияи Муъминобод ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар бахши «Китобхонаи шахсии сол» китобхонаҳои шахсии зерин: Китобхонаи шахсии «Ганҷи Мунк»-и ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи аввал, Китобхонаи шахсии ҷамъияти «Вализодагон»-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи дуюм, Китобхонаи шахсии ба номи «Хонаи асрори маънӣ»-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи сеюмро сарфароз гардиданд.

Ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.

 

 

Сентябрь 5, 2018 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд