«Пешвои миллати ман рамзи истиқлол шуд, Ҳар куҷое рафт, чун ҳодии фаррухфол шуд…»,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2018 13:20

ДУШАНБЕ, 13.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлил аз ин ҷашни бузурги миллӣ, сафари кории Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гуфтугӯю мулоқотҳои ӯ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои ин вилоят муҳтавои матбуоти даврии ин ҳафтаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (10.09.2018, №177 — 178) суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 27 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Ман ба қудрати созандаи мардуми шарифи кишвар эътимоди комил дорам» нашр кардааст.

Зимни суханронии худ Пешвои миллат кулли сокинони ҷумҳуриро ба муносибати таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, онҳоро ба муттаҳидиву созандагӣ даъват кардаанд.

«Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд»,-таъкид намудаанд Сарвари давлат.

Ҳамчунин дар ин шумора номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд. Рӯзнома барқияҳои табрикотии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва дигар роҳбарони давлатҳоро нашр кардааст.

«Тоҷикистони озоди ман» — мақолаи Абдуфаттоҳ Шарифзода, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Самариддини Айниддин, Аълочии матбуоти Тоҷикистон аст, ки дар ин шумораи нашрия ба табъ расидааст. Дар мақолаи мазкур корҳои тӯли 27-соли соҳибистиқлолӣ анҷомдодашуда, муваффақияту пешравиҳо ва самаранокии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда шуда, мавриди таҳлили густурда қарор гирифтаанд.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (11.09.2018, №179) сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мулоқоту суханрониҳои ӯ васеъ инъикос карда шудаанд. Аз ҷумла, суханронии Сарвари давлат дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз пурра нашр гардида, аз ифтитоҳи иншооти тоза бунёдёфта гузоришҳои васеъ чоп шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ВМКБ бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, бинои Қасри фарҳанг дар ин ноҳия, бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, сутунпояи парчам ва нишони давлатӣ дар ин ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Дар ин шумора мақолаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода зери сарлавҳаи «Истиқлолият ва озодӣ. Оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ» чоп шудааст. Дар ин матлаб Прокурори генералӣ дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ андешаҳояшро баён карда, зикр кардааст, ки давоми ин солҳо мақомоти прокуратура такмил ёфта, ба мақоми устувор дар роҳи назорати иҷрои қонунҳо табдил ёфтааст.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (08.09.2018, №110) дар саҳифаи аввали шумораи навбатии худ Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр кардааст. Дар Паёми табрикии худ Сарвари давлат, аз ҷумла зикр кардаанд: «Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад».

Шеъри эҷодкардаи Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин шумора таҳти унвони «Пайки фаррухфол» нашр шудааст:

Пешвои миллати ман рамзи истиқлол шуд,

Ҳар куҷое рафт, чун ҳодии фаррухфол шуд.

Душманонро дӯст карду дӯстонро дӯсттар,

Дар дили садҳо ҳазорон муждаи иқбол шуд.

Дасти Шавкат Мирзиёро бо самимият фишурд,

Меҳри ӯ дар хонаи ҳамсоя истиқбол шуд.

Сар — сари шаш қитъа рӯҳи тоҷикиро чира кард,

Бар нишонии саодат номаи ирсол шуд.

Нурборон кард доҳӣ зиндагии халқро,

Фазли оламгири ӯ хуршеди зарринбол шуд.

Инчунин дар ин шумора мақолаҳои Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ММ МО ҶТ, раиси вилояти Хатлон «Баҳри таҳкими истиқлолият талош мебояд», Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди қонунгузорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон», Шариф Атобуллоев, рӯзноманигор «Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ аст» нашр шудаанд.

Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (13.09.2018, №111) сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ифтитоҳи иншооти навбунёд ва мулоқоту суханрониҳои ӯ васеъ инъикос карда шуда, суханрониҳои Сарвари давлат дар ноҳияиҳои Ванҷу Дарвоз пурра нашр гардидаанд.

Ҳамчунин дар ин шумора номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидаанд.

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (12.09.2018, №37) низ шумораи навбатии худро ба сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида, зери сарлавҳаи «Рабочая поездка Главы государства Эмомали Рахмона в Горно — Бадахшанскую автономную область» гузориши васеъ нашр кардааст. Нашрия менависад, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Сарвари давлат сафари худро аз ноҳияи Ванҷ оғоз карда, бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои Қасри фарҳанг ва бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Дар нашрия бахшида ба 27–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлабҳои зиёд нашр шудаанд. Дар саҳифаи аввали нашрия хабари иштироки Пешвои миллат дар чорабинии идона  «Участие Лидера нации Эмомали Рахмона в праздничных торжествах по случаю Дня независимости», «Телевизионное послание Лидера нации Эмомали Рахмона в честь 27-ой годовщины Государственной независимости» ва суханронии Сарвари давлат «За 27 лет суверенитета мы добились колоссальных успехов во имя осуществления стратегических целей» чоп гардидаанд.

Инчунин бахшида ба ин ҷашни бузурги миллӣ мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфатоҳ Шарифзода ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Айниддин «Мой независимый Таджикистан» ба табъ расидааст.

Дар ин шумора мусоҳиба бо Сафири Ҷумҳурии мардумии Чин Юе Бин «Отношение между Китаем и Таджикистаном – образец дружбы и сотрудничества» оид ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин чоп шудааст.

Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (06.09.2018, №36) зери унвони «Қарзи фарзандии ҷавонон аст, ки Тоҷикистонро сидқан дӯст доранд» Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро нашр кардааст.

«Фаҳшҷӯии иддае аз чист. Ё «Воизон чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд» матлаби рӯзноманигори нашрия Хуршед Ховарӣ аст, ки ба яке аз мавзӯъҳои пурбаҳси ҳафтаи гузашта, яъне намоиши расмҳои рассом Маърифат Давлатова бахшида шудааст. Дар матлаби мазкур муаллиф кӯшиш намудааст, ки ба интиқодгарони ин рассом посухи сазовор диҳад ва андешаҳои ифротгароёнаи онҳоро маҳкум намояд.

Дар ин нашрия мусоҳибаи рӯзноманигор  Беҳрӯз Холмуродов бо сардори Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Баҳодур Назаров зери сарлавҳаи «Майли ҷавонон ба ихтироъкорӣ меафзояд» чоп шудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора матлабҳои «Туҳфаи навбатии Дилшод Назаров дар ҷашни Истиқлолият», «Ҷамъбасти Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ-2018», «Ифротгароӣ маризи ҷомеаи муосир» ва дигар хабару гузоришҳо нашр шудаанд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (12.09.2018, №37) низ муҳтавои аслии худро ба сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшидааст. Ҳамзамон оид ба истифода додани як қатор корхонаҳо дар ноҳияи Ёвон, ифтитоҳи иншооти наву замонавӣ дар ин ноҳия ва ВМКБ, мулоқоту суханрониҳои Пешвои миллат бо сокинони ин манотиқи Тоҷикистон хабару гузоришҳои зиёд нашр кардааст.

«Фарёди ёдҳо» мақолаи Ҷумъахони Темурзода аст, ки дар бораи Абдулаҳад Қаҳҳоров — собиқ Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, арбоби шинохтаи сиёсат нақл мекунад. Дар матлаб фаъолияти ин фарзанди барӯманди миллат мавриди таҳлил қарор гирифта, хизматҳои ӯ дар роҳи ободиву шукуфоии Тоҷикистон зикр ёфтаанд.

 

Сентябрь 13, 2018 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад