Раиси шаҳри Исфара ба мактабҳои тоҷикии Ӯчқурғони Қирғизистон китобҳои дарсӣ туҳфа кард

Сентябрь 24, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 24.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябри соли равон раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода бо раиси Ҷамъияти тоҷикони минтақаи Ӯчқурғон, муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мавлонҷон Абдураззоқов мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот шаҳрдори Исфара бо назардошти эҳтиёҷу ниёзмандии толибилмони мактабҳои тоҷикии Ӯчқурғон 200 адад китобҳои дарсии забону адабиёти тоҷикро барои синфҳои 8-11 ба Мавлонҷон Абдураззоқов тақдим кард.

Маркази матбуотии раиси шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки дар раванди мулоқот ба ҳамкории илмиву фарҳангӣ ва ниёзмандиҳои соҳаи маориф дар навоҳии тоҷикнишини кишвари ҳамсоя таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

Мавлонҷон Абдураззоқов зимни суҳбат иброз доштааст, ки айни замон дар Ӯчқурғон 8 мактаби тоҷикӣ фаъолият дошта, бинобар норасоии китобҳои дарсӣ устодону шогирдони муассисаҳои таълимӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. «Ин туҳфаи арзишманди Раиси шаҳри Исфара ба толибилмони мактабҳои миёна ба номи Садриддин Айнӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Дӯстӣ тақдим хоҳад шуд»,-гуфтааст раиси Ҷамъияти тоҷикони Ӯчқурғон Мавлонҷон Абдураззоқов.

 

 

Сентябрь 24, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд