РАШТ: донишҷӯёну омӯзгорон суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Дарси сулҳ тавассути телевизион тамошо намуданд

Сентябрь 1, 2018 09:15

РАШТ, 01.09.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз   ба муносибати  Рӯзи дониш дар ноҳияи Рашт  маросими тантанавӣ  доир гардид, ки дар он зиёда аз 2  ҳазор донишҷӯёну устодони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ин ноҳия  ва Коллеҷи тиббии ноҳия  иштирок намуданд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад, баъд аз анҷоми маросими тантанавӣ устодону донишҷӯён  суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил тавассути телевизион тамошо намуданд.

  Мудири маорифи ноҳияи Рашт Зарина Идиева дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз дошт, ки  субҳи имрӯз дар ноҳия зиёда аз 27 ҳазор нафар  хонандагон, ки  3 ҳазор  нафари онҳо   ба синфи якум қабул гардидаанд, пас аз  анҷоми ҷамъомадҳои  тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар тамоми мактабҳо тавассути телевизиор  суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки  ба муносибати Дарси сулҳ мустақиман пахш мегардид, тамошо намуданд.

З.Идиева ҳамчунин иброз намуд, ки  «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ унвон гирифтани  якуми сентябр дар худ ҳикмати махсус  дорад. Ҳикмати асосии он – ин бори дигар  рӯ овардани ҷомеа ба рушди соҳаи маориф, ки пешравии  мамлакат  аз он вобастагии калон  дорад,  мебошад. Боиси хушҳолист, ки  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба рушди илму фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти  мактабу маориф  ва тайёр намудани мутахассисони  соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд».

Сентябрь 1, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст