Роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Чолпон – Ота ҷамъ меоянд

Сентябрь 12, 2018 11:05

ДУШАНБЕ, 12.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҷаласаи 18-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/  доир мегардад.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа иҷрои  қарорҳои ҷаласаи қаблии Кумита ва фаъолияти он дар  соли 2018  ва нақшаи корӣ  барои соли 2019  матраҳ шуда, нақшаи  чорабиниҳои   Стратегияи фаъолияти Кумита барои давраи то соли 2020 тасдиқ гардад.

Ҳамзамон дар ҷаласа таҷрибаи ташкили фаъолияти Хадамоти давлатии гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Қирғизистон  оид ба ошкор, пешгирии  ҷиноят ва ҳуқуқвайрокуниҳои гумрукӣ  ва тадбирҳои муштарак дар мубориза  бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи гумрук баррасӣ мегарданд. Иштирокдорони ҷаласа ҷанбаҳои гуногуни баргузории амалиёти байналмилалии махсуси гумрукии «Бозиҳо-2019» ва ташкили ҳамкории воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумрукии кишварҳои ИДМ зимни баргузории  ин амалиётро баррасӣ менамоянд.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои муқовимат  бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо бо истифода аз шабакаҳои  почтаи  байналмилалӣ, инчунин такмили таъминоти таҳлилию иттилоотии фаъолияти  ҳифзи ҳуқуқии хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ матраҳ хоҳанд гардид.

 

 

Сентябрь 12, 2018 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад