Роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии ИДМ дар Москва ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 04.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 5-6 сентябри соли равон дар шаҳри Москва –пойтахти Россия ҷаласаи 18-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад.
Аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки роҳбарони мақомоти олии аудити ИДМ муддати ду рӯз дар шаҳри Москва масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти олии назорати молиявии ИДМ, аз ҷумла, нақши технологияҳои иттилоотонӣ дар рушд ва таҳкими самаранокии идоракунии давлатиро баррасӣ хоҳанд кард.
Тибқи иттилои манбаъ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати моливии давлатҳои ИДМ раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода ва муовинаш Заъфар Азимӣ иштирок менамоянд.
Ҷаласаи 17-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати моливии давлатҳои ИДМ соли гузашта дар Боку- пойтахти Озарбойҷон баргузор гардида буд, ки дар он стандарти «Талаботи этикӣ, принсипҳо ва меъёрҳои одоб барои кормандони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои аъзои ИДМ» тасдиқ гардида буд.
Интизор меравад, ки пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе соли 2020 мизбони ҷаласаи роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии ИДМ гардад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






