«Рушди ҳунармандӣ дар оила- омили саодату пойдории он» — таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конференсияи илмӣ –амалӣ таҳти унвони «Рушди ҳунармандӣ дар оила- омили саодату пойдории он» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Пеш аз оғози кори конференсия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, дар доираи «Дастурамали тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» либосҳои миллӣ ва расмӣ ба ноамоиш гузошта шуданд.
Конференсияи мазкурро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти истиқлолият дар рушди мамлакат, беҳтар гардидани сатҳу сифати мардум аз шарофати он, эҳёи ҳунарҳои фаромӯшшудаи мардумии халқи тоҷик ибрози андеша намуд.
Сипас дар ҳамоиш коршиносон дар мавзӯъҳои гуногуни рушди ҳунар ва аҳамияти он дар пешрафти ҷомеа, аз ҷумла, «Коркарди сангҳои ороишӣ ва ранга дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», «Хунарҳои мардумӣ-тарғибгари фарҳанги миллӣ», «Рушди ҳунарҳои мардумӣ-асоси рифоҳии иқтисоди оила» ва ғайраҳо маърӯза карданд.
Нотиқон зимни маърӯзаҳояшон, аз ҷумла, иброз доштанд, ки имрӯз бо кумаку дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дубора эҳё гардида, ҳунармандон дар ҷомеа мақоми хос пайдо мекунанд. Намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифи симои сайёҳии кишвар буда, ҳунармандӣ бо сайёҳӣ тавъаманд.
Дар фарҷоми конференсия миёни иштирокдорони ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
















Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






