«Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» — таҳти ин унвон маҷмӯаи оморӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 22.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи омории «Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро нашр намуд, ки дар он маълумотҳо доир ба рушди саноат дар солҳои 2012-2017 дарҷ гардидаанд.
Дар ин маҷмӯа дар бораи истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан, саноати коркарду истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ, об, инчунин оид ба бахши ғайридавлатии саноат дар мамлакат маълумотҳо гирд оварда шудаанд.
Маҷмӯаи мазкур ҳамчунин имконият фароҳам овардааст, ки хонанда дар бораи истеҳсоли маҳсулот дар шакли аслӣ ва бо ифодаи арзишӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, роҷеъ ба индексҳои нархҳои яклухт дар тамоми бахшҳои саноат ва намудҳои маҳсулот ва оид ба воридоту содироти навъҳои асосии маҳсулоти саноатӣ иттилоъ пайдо намояд. Нашри маҷмӯаи омории «Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи модели индустриалӣ –аграрӣ қадамҳои устувор мегузорад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






