Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №142 дар деҳоти Шарора иштирок намуд

Сентябрь 18, 2018 16:05

ДУШАНБЕ, 18.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 142 дар деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор иштирок намуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 142 дар деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Корвони Аср» бо роҳбарии соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов сохта шудааст.

Сохтмони иншооти мазкур соли 2017 оғоз гардида, барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи муосири соҳавӣ беш аз 12 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 142 дорои 22 синфхона, аз ҷумла 12 кабинетӣ фаннӣ барои забонҳои хориҷӣ, физика, химия, биология, технология, омодагии дифои ҳарбӣ ва ёрии тиббӣ, китобхона бо толори хониш барои 24 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 ҷой, маҷлисгоҳ барои 80 ҷой, бойгонӣ, толори варзишӣ ва майдончаи ҳарбӣ буда, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Аснои ба истифода супоридани муассисаи мазкур Сарвазири мамлакат ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, зикр карданд, ки иншооти мазкур дар партави сиёсати созандаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи мамлакат ва ҳифзи арзишҳои миллиро аз фаъолияти омўзгор ва рушди илму маориф арзёбӣ намудаанд.

Дар ин росто  аз омўзгорон талаб карда шуд, ки ҷиҳати дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ  ба воя расонидани насли наврас масъулияти бештарро эҳсос карда, саҳми арзандаи хешро дар ободию пешрафти бештари Тоҷикистон гузоранд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 142 таъкид гардид, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ ру ба пешрафт ниҳода, сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат ба маротиб беҳтар шудааст.

Дар ҷамъомад аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд,  ки  дар замони ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани вазъияти сиёсию амниятии аксар кишварҳои ҷаҳон дўстдору ҷоннисори Ватан бошанд ва насли ҷавонро дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Сентябрь 18, 2018 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд