Сарвазири Тоҷикистон аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе боздид намуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои омодагии иншооти барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе шинос шуд.
Нахуст Сарвазири мамлакат бо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 1 ва ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии дастгоҳу иншооти ин Марказ шинос шуд.
Имрӯзҳо дар ин иншоот бо ҷалби мутахассисон барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 корҳои таъмиру барқарорсозӣ бо маром идома доранд.
Сарвазири мамлакат аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳо ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла, барқарорсозии дастгоҳу таҷҳизоти азкормонда ҳарчи зудтар тадбир андешанд.
Зеро дар фасли сармо бо гармӣ ва неруи барқ таъмин намудани сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус аҳолии пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дар мадди назари аввали роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар доираи ин таваҷҷуҳ корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон низ бояд ҳамаҷониба ва сари вақт анҷом дода шаванд.
Дар идома Сарвазири мамлакат бо корҳои омодагӣ дар Дегхонаи ғарбӣ, шоҳқубурҳои магистралӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 низ шинос шуд.
Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки натиҷаи тадбирандешиҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти неруи барқ дар мамлакат пурра бардошта шуда, сокинони ҷумҳурӣ дар ҳама фасли сол бо неруи барқ таъмин гаштанд.
Сипас дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 ҷаласаи ситоди сайёри корӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои асосии омодагиҳои ҳамаҷониба ба давраи тарамоҳу зимистони дарпешистода мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, масъулин барои иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бе мушкилот гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 вазифадор гардиданд.








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






