Шореҳи сиёсии АМИТ «Ховар» имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд

Сентябрь 12, 2018 17:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Корманди нави мо – шореҳи сиёсии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон  «Ховар» Хуршеди Ховар (Хуршед Андамов) имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷойгоҳи маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар низоми матбуоти тоҷики солҳои 1920-1930-и асри XX» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Ба гуфтаи Хуршеди Ховар, мавзӯъ тасодуфӣ интихоб нагардидааст. «Ман ҳамеша ба таърих, аз ҷумла ба таърихи рушди журналистикаи тоҷик шавқ доштам. Дар овони доншҷӯӣ вақти зиёди худро ба омӯзиши ин масъала бахшидам. Махсусан мавзӯи рисолаи дипломии ман ҳангоми хатми Донишгоҳ «Нақши аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» буд. Дар курси 4-ум ба шаҳри Тошканд ба таҷрибаомӯзӣ рафтам ва дар онҷо шахсан ин маҷалларо дидам. Соли 1994 ҳамчун яке аз аввалин тадқиқотчӣ дидани маҷаллаи мазкур ба ман муяссар гардид»,- илова намуд   Хуршеди Ховар.

Бояд гуфт, ки Хуршеди Ховар унвонҷӯи кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии профессор Абдусаттор Нуралиев ҳимоя намуд.

Соли 2017 нашриёти «Истеъдод»-и шаҳри Душанбе китоби «Раҳбари дониш»- маҷаллаи маорифӣ-адабӣ»- и Хуршеди Ховарро нашр намуд, ки онро Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ ба донишҷӯён тавсия намудааст.

Аз соли 2015 инҷониб узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ мебошад.

Хуршед Андамов  45-сола буда, соли 1995 факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст.  Ӯ ба ҳайси  муовини  сармуҳаррири рӯзномаи «Наврӯзи Ватан», хабарнигори бахши тоҷикии агентии иттилоотии «ИРНА» (ҶИЭ), радиои «Би-би-си» (Британияи Кабир), хабарнигор ва мудири Дафтари радиои «Озодӣ» (ИМА) дар Душанбе кор кардааст.

Аз 1 августи соли 2018 дар вазифаи шореҳи сиёсии АМИТ «Ховар»  фаъолият мекунад.

Роҳбарият ва кормандони АМИТ «Ховар» ҳамкори худро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадияш самимона табрик намуда,  таманно доранд, ки дар ҷодаи илм ва касби рӯзноманигорӣ ба фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар шарафёб гардад.

 

 

Сентябрь 12, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид