ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, ҷумъа, 257-умин рӯзи соли 2018 аст

Сентябрь 14, 2018 08:00

14 сентябри соли 2005 дар таърихи навини Тоҷикистон боз як рӯйдоди басо муҳиму арзишманди байналмилалӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз минбари олитарин ташкилоти бонуфузи олам — Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

***

3 сол пеш, 14 сентябри соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президентони Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф оварданд, мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Тоҷикистон ва Қазоқистон шарики стратегӣ шуданд.

14 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА – Рӯзи суруди миллӣ.

***

Дар Украина – Рӯзи сафарбаркунии кормандон.

РӮЙДОДҲО:

14 сентябри соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов баргузор гардид.

***

8 сол пеш, 14 сентябри соли 2010  дар Маҷмааи давлатии  «Кохи Вахдат» машварати навбатии роҳбарони роҳи оҳани кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни брифинг   ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба мактабҳои олии Қазоқистон даъват намуд.

***

14 сентябри соли 2017 рӯзномаи Парлумони Озарбойҷон бо номи “Истиқлолияти Тоҷикистон дар роҳи расидан ба рушд” мақола нашр намуд.

***

14 сентябри соли 2017 Париж ва Лос-Анҷелес расман пойтахти Бозиҳои олимпии 2024 ва 2028 эълон шуданд.

***

14 сентябри соли 1811 дар Пруссия сохти феодалӣ бекор карда шуд.

***

14 сентябри соли 1991  Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон пароканда шуда, аз нав ҳамчун Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ташкил гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли  1939 дар ИМА аввалин маротиба парвози чархбол ба ҳаво сурат гирифт.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

 

Сентябрь 14, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд