Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунад

Сентябрь 14, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 14 сентябри соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 79-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок мекунанд.  Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои муҳиме, ки соҳаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодии кишварҳои ИДМ-ро фаро мегиранд, баррасӣ карда мешаванд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа муовинони сарвазирони кишварҳои Иттиҳод ҷараёни татбиқи муқаррароти Шартнома оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва як зумра барномаҳои байнидавлатӣ, инчунин ҷанбаҳои гуногуни омодагӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 дар кишварҳои ИДМ-ро муҳокима намоянд.

 

Сентябрь 14, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд