Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ– 2018 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 сентябри соли 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми иқтисодии сатҳи баланди Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) – 2018 баргузор гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар форуми иқтисодӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувори кишварҳои аъзои СПЕКА ва ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, ҳамгироӣ дар самтҳои савдо, нақлиёт, муҳити зист, захираҳои обӣ ва барқӣ масъалаҳо мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи форум З. Завқизода ҳамчун роҳбари Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо дар бораи фаъолият, дастовардҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории иқтисодии хориҷӣ байни кишварҳои аъзои СПЕКА суханронӣ намуда, бо мақсади рушди бештари муносибатҳои иқтисодӣ барои солҳои оянда як зумра ҳуҷҷатҳои стратегӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, принсипҳои савдои устувор ва пешгирӣ намудани монеаҳои чораҳои ғайритарифӣ дар савдоро ба кишварҳо пешниҳод намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






