Ҳунарпешагони Тоҷикистон дар Форуми нахустини байналмилалии санъати мақом дар Ӯзбекистон иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 10 сентябри соли равон дар Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом баргузор мегардад, ки дар он ҳайати ҳунарпешагон ва санъатшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, инчунин дар доираи Форум баргузории Конференсияи амалӣ дар мавзӯи «Санъати мусиқии мақом ва мавқеи ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» дар назар дошта шудааст.
Тибқи барнома, асбобҳои мусиқӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки ба санъати мақом вобаста аст, ба маърази тамошо гузошта мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






