ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 04.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак, чанде аз чунин ҳолатҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.
Қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ бо табар
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 27 августи соли равон, тахминан соати 20:00 дақиқа, ҳангоми дар деҳаи Иқбол дар ҳолати мастӣ қарор доштан бо марди 48-солаи ҳамдеҳааш ҷанҷол карда, 1 маротиба бо табар ба сараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Садамаи марговар дар рӯ ба рӯи маркази савдои «Пайкар»
1 сентябри соли равон, тахминан соати 00:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» Бедилов Хуҷа Мирзоодилович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Истаравшан ба самти кӯчаи Бухорои пойтахт, дар рӯ ба рӯи маркази савдои «Пайкар» аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур Талбов Раҳмдил Алибоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари мошин Хайруллоев Иззатулло Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






